Борону жола меборад: пешгӯии дақиқи обу ҳаво барои имрӯз

Наврӯзи Тоҷикистон имрӯз гарм наомад. Ҳавошиносон мегӯянд имрӯз дар ҷумҳурӣ боришоти борону жола дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Фаромадани меғ, бориши борону жола, чунин аст обу ҳавои Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯз.
Ожонсии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки имрӯз дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борон меборад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи шарқии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Борону жола меборад: ҳавои Наврӯзии Тоҷикистон ноустувор аст
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат ва пуршиддат дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ва пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола пешбинӣ шудааст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.