ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Батуренко алакай сеюмин намояндаи он ҳайъати тиллоии "Помир" аз солҳои 80 аст, ки ба мақоми сармураббии дастаҳои Премер –лигаи Русия мерасанд.
Эдгар Гесс як муддат дастаи "Алания" аз Владикавказро машқ медод, Рашид Раҳимов сармураббии се тими лигаи асосии футболи Русия– "Амкар" (Перм), "Локомотив" (Маскав) ва "Ахмат" (Грозний) буд.
Ва Юрий Сёмин, ки собиқаи мураббигиашро дар Душанбе сар карда, он ҳайъати тиллоии “Помир”-ро маҳз ӯ сохта буд, яке аз хушномтарин мураббиёни футболи имрӯза дар Русия эътироф шудааст.
Юрий Батуренко беш аз 20 соли собиқаи мураббигиашро дар ситоди устодаш Сёмин сипарӣ кардааст ва ҳоло бори нахуст мустақилона раҳбарии як дастаро ба дӯш мегирад.
Худи Батуренко дар мусоҳибаи аввал барои клуб қайд кард, ки қабули ин пешниҳод хеле осон буд.
"Ҳанӯз бозигарам, ман имкони рақобат бо "Ротор"-ро дар лигаҳои иттифоқӣ доштам ва муваффақиятҳои ӯро дар охири асри гузашта хуб дар ёд дорам", - гуфт мураббӣ.
Вай аз мухлисон хоҳиш кард, ки ба даста ва футболбозон эътимод ва дастгирӣ кунанд ва аз ҷониби клуб ваъда дод, ки ҳама корҳоро мекунад, то мухлисонро ноумед накунад.
Юрий Батуренко 29 декабри соли 1964 дар Душанбе, ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Фаъолияти футболиашро дар клуби машҳури тоҷикон "Помир" оғоз кардааст. Солҳои 1992 ва 1996 дар тими мунтахаби Тоҷикистон 3 бозӣ кардааст.
Пас аз ба итмом расонидани карераи варзишӣ, ӯ ба ҳайси мураббӣ ба кор шурӯъ кард: вай ёвари мураббии дастаҳои Локомотив, Балтика, Зенит Ижевск, Габала, Мордовия ва Анжи буд.