ДУШАНБЕ, 20 март - Sputnik. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби ду вакили тоҷик ба оилаҳои ниёзманди пойтахт кӯмаки яквақта супорида шуд, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, Исматулло Абдуллозода вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Аслиддин Меликов ба 45 оилаи ниёзманд кӯмак расонида шуд.
Гуфта мешавад, 45 хонаводае, ки кӯмаки мазкурро дарёфт намуданд, сокинони маҳаллаҳои "Шоҳмансур 1", "Восифӣ", "Бедил" ва шаҳраки "Роҳиоҳанчиён"-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мебошад.
Манбаъ меафзояд, ба оилаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ аз қабили орд, шакар, равған, биринҷ, картошка ва пиёз супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш 100 оилаи ниёзманд аз шаҳри Душанбе кӯмаки озуқавориро дарёфт намуда буданд.
Кӯмакҳои моддии яквақтаина, ки асосан аз маводи хӯрокворӣ иборатанд, ҳудуди 100 оилаи ниёзманди пойтахт дарёфт карданд. Ба 100 оилаи ниёзманд вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода кӯмак расонд.