Ҷабборов ба Раҳмон сипос гуфту бо мардуми тоҷик сулҳ таманно кард

Кишвардори Тоҷикистонро имрӯз дасти кам 9 ҳамтои ӯ аз кишварҳои дуру наздик бо Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбодӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 март - Sputnik. Дар миёни роҳбарони кишварҳои хориҷ, ки унвонии Эмомалӣ Раҳмон бинобар фаро расидани Наврӯзи ҷаҳонӣ номаи табрикотӣ фиристоданд, кишвардори тозатаъйини Қирғизистон Содир Ҷабборов низ ҳаст.
Котиботи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, Ҷабборов нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон бинобар табрикоти самимии ӯ барои кишвардори Қирғизистон интихоб шуданаш, изҳори миннатдорӣ намуд.
"Миннатдории самимиву амиқи худро ҷиҳати табрикотатон ба муносибати интихоб шуданам ба маснади Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон иброз менамоям", - омадааст дар мактуби Ҷабборов.
Президенти кишвари ҳамсоя аз он изҳори боварӣ кард, ки муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистону Қирғизистон бар пояи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба нафъи мардумони ҳар ду давлат хоҳад буд.
Орзуҳои беҳтарин таманно кард: паёми Наврузии Байден ба Раҳмон
Содир Ҷабборов ба Эмомалӣ Раҳмон саломативу саодатмандӣ ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоиро таманно кард.
Манбаъ меафзояд, Наврӯзи Аҷамро ҳамчунин президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтои худ Эмомалӣ Раҳмон ва кулли тоҷикистониён таҳният гуфтааст.
Дар мактуби табрикотии Мирзиёев аз ҷумла омадааст:
"Бешак, мулоқоту музокироти сатҳи олии мо, ки вақти наздик дар сарзамини тоҷикон доир мегарданд, дар ростои ба зинаи баланд баровардани муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва ҳамкории зич, инчунин шарикии стратегии байни кишварҳоямон, ки дар асоси усули эътимоди мутақобил ва дастгирии доимии ҳамдигар устуворанд, хидмат хоҳанд кард".
Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон умри дароз, саломатии бардавом, саодатмандии оилавӣ ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу пешрафти мудомро таманно кард.