"Варзиш ба сиёсати ифлос табдил шуд": интиқоди варзишгарони тоҷик аз қазияи Назаров

Варзишгарони тоҷик аз муттаҳам шудани қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров ба истифодаи допинг ва ҳамчунин ба мудати 2 сол маҳрум кардани ӯ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, сахт нигарон ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 март - Sputnik. Гурзандози тоҷик ва қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров барои истифодаи допинг ба муддати ду сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ маҳрум шуд.
Дар робита ба ин, Sputnik Тоҷикистон бо варзишгарони тоҷик мусоҳиба анҷом дод ва чӣ гуна қаблу кардани ин хабари нохушояндро аз онҳо пурсид.
Дилшод Назаров ба истифодаи допинг гунаҳагор ва 2 сол аз мусобиқот маҳрум шуд
Ҳамин тариқ, муборизи таэквондо Фарҳод Негматов қайд намуд, ки ин кор кайҳо боз ҳал шуда буд.
"Дар мавриди маҳрум шудан аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо худи Дилшод дар саҳифааш ҳама чизро гуфт. Варзиш кайҳо ба сиёсати ифлос табдил ёфтааст. Пас аз хондани навиштаи ӯ, ман дар ҳайрат мондам. Аммо хуб аст, ки ин танҳо як маҳрумият аст ва ӯро аз унвонҳои қаҳрамонӣ маҳрум накарданд.Умедворем, ки ӯ ба зудӣ кӣ будани тоҷиконро собит мекунад!”, - гуфт Негматов.
Зоирҷон Набиев заврақрони моҳири тоҷик низ қазияи Дилшод Назаровро сиёсӣ хонд.
"Дилшод Назаров ҳамаашро ба мардум фаҳмонд. Мо ҳама аз собиқ ИҶШС ҳастем, ва онҳо ҳар кореро, ки мехоҳанд анҷом медиҳанд. Ин сиёсат аст, на варзиш", - бовар дорад Набиев.
Ғайрат Негматов, сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон низ вазъро шарҳ дод.
"Албатта, як хабари нохуш аст. Ҳама чиз бо риштаи сафед дӯхта мешавад, чаро тасмим гирифтан ин қадар тӯл кашид ва чаро маҳрум шудан аз Олимпиада хотима меёбад. Саволҳо зиёданд. То ҳадди имкон, мо бояд варзишгари маъруфамонро дастгирӣ кунем", - мегӯяд ӯ.
Роҳбари Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинг Мирсаид Яҳёев чунин мешуморад, ки пас аз даҳ сол аз ҳаққи сабқат маҳрум кардани варзишгар норавост.
"Тақрибан 10 сол сипарӣ шуд, ки дар давоми он Дилшод дар даҳҳо мусобиқаҳои бонуфузтарин ширкат варзид ва ҳамон қадар маротиба аз назорати допинг гузашт. Ва дар ҳеҷ кадоме аз онҳо барои истифодаи моддаҳои ғайриқонунӣ маҳкум нашуд. Вақтҳои охир мо торафт бештар бо ҷанҷолҳои гуногуни марбут ба ВАДА рӯ ба рӯ мешавем ва мутаассифона, ин дафъа варзишгари мо қурбонии онҳо шуд ... ", - шикоят мекунад ӯ.
Мураббии бокс Аббос Негматуллоев қайд кард, ки ба наздикӣ ҳатто таби аспирин низ допинг ҳисобида мешавад.
"Ман намедонам, ки онҷо чӣ шуд. Ман тафсилотро намедонам, мехоҳам қайд кунам, ки дар асри 21 аспирин низ метавонад ҳамчун допинг ҳисобида шавад. Ман мехоҳам Дилшод Назаровро дастгирӣ кунам. Ин хуб аст ки медали олимпии ӯро гирифта натавонистанд. Қаблан тамоми собиқ ИҶШС доруи Мелдронатро истифода мекард. Ҳоло он допинг аст", -бо таассуф изҳор дошт мураббӣ
Далер Шарифӣ, муборизи маъруфи тоҷик, ғолиб ва ҷоизадори чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба таэквон-до (ITF) мегӯяд, афсӯс - Тоҷикистон имсол медали эҳтимолии олимпиро аз даст дод.
"Айб аст, ки онҳо ин корро бо ифтихори кишвари мо ва қаҳрамони феълии Олимпӣ карданд! Чӣ тавре ки худи қаҳрамони мо гуфт," ӯ аз ҳад зиёд қавӣ аст, ки бо ӯ дар арсаи варзиш рақобат кунад "ва ман ӯро комилан дастгирӣ мекунам!" - гуфт Шарифӣ.
Вокуниши Назаров ба қарори AIU: инро барои аз Олимпиадаи Токио маҳрум кардани ман карданд
Ёдовар мешавем, ки мӯҳлати маҳрум сохтани қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров аз 24 сентябри соли 2019 ба ҳисоб гирифта мешавад. Ӯ метавонад ба мусобиқаҳо моҳи октябри соли 2021 баргардад.