Навори афтодану хестани кишвардори Амрико Ҷо Байден ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Дар навор омадааст, ки президенти 78 - солаи Амрико ҳинни баромадан тариқи зинапояҳо чанд маротиба пешпо хӯрд ва фатид. Маротибаи сеюм Байден ба зону зад, вале бидуни кумаки касе бархост ва шимҳои худро тоза кард.
Сипас ӯ кӯшиш кард, ки бо ҳар ду даст аз канори зинапоя қапида то дари ҳавопаймо барояд.
Пас аз нашри ин навор, Қасри сафед далели афтидани бархостани Байденро ба шамоли сахт рабт дод.