ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Руҳонӣ дар паёмаш ба Раҳмон изҳор доштааст, ки бо камоли шодмонӣ фаро расидани Наврӯзи бостонӣ, баҳори табиат ва оғози соли 1400 ҳиҷрии шамсиро ба Шумо ва миллати бузурги Тоҷикистон табрик мегӯям.
Раисиҷумҳури Эрон ба ҳамтои тоҷикаш изҳор доштааст, ки Наврӯз баҳонае барои нав шудан, нав нигаристан ва зиндагии дубора мебошад.
“Баҳор ҳамчун наққоши забардаст, бо нақшофаринӣ бар буми табиат, рӯҳи ҳаёту тозагиро дар дилу ҷони замин медамад ва нақши саросар таровату шукуфоиро дар паҳнои кураи хокӣ мегустаронад ва Наврӯз ин ойини пурмеҳру куҳан, ки илҳомбахши умед, шодмонӣ ва раҳоӣ аз ғаму андӯҳ аст, баҳонаест барои нав шудан, нав нигаристан ва зиндагии дубора”, - омадааст дар паёми Руҳонӣ.
Раисиҷумҳури Эрон афзудааст, умедворам, мо инсонҳо низ битавонем, ҳамчунин табиат, бо нав шудани фасл, баҳори тоза дар дилу ҷонамон эҷод кунем ва бо зудудани ғубори нотавонӣ ва сустӣ, мояи нишоти ҷону андеша ва саломатии танро фароҳам намоем.
Ӯ аз ҳамагирии вируси Ковид-19 ва пайомади мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии зиёди он дар саросари ҷаҳон зикр кардааст.
“Умедворем дар соли ҷадид бо таомулу ҳамкории беш аз пеш миёни кишварҳоямон ва бо назорату маҳви бемории каронавирус, Наврӯз ба рӯзгори навин барои мардумонамон бадал шавад ва шодӣ, баракат, саломатӣ ва оромиш ба тамомии кишварҳои ҷаҳон боз гардад”, - таъкид кардаст Руҳонӣ.
Ӯ дар охир ба Эмомалӣ Раҳмон аз Худованди мутаол саломатию мувафаққият ва рӯзгори пурбаракат ва аҳволи некӯ барои мардуми Тоҷикистонро орзу кард.