ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат деҳоти ба Мунавваршо Шогадоев ба деҳоти Зарафшон, деҳаи Келинбоки деҳаи Қалъаи Лаби Об ба Сурхкуҳ иваз карда шуд.
Деҳаи Зарафшони деҳоти Мунваршо Шогадоев номи Шинг ва деҳаи Анвар Қаландарови деҳоти Лангари Шоҳ номи Анварободро гирифт.
Тағйироти мазкур барои тасвиб ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.
Қаблан бар асоси қарори Ҳукумат ва пешниҳоди вакилони Хатлон, дар ноҳияи Данғара номи деҳоти Оқсу ба Сафобахш, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ ба Себистон ва Кангӣ ба Меҳргон иваз карда шуд.
Дар ноҳияи Фархор номи деҳоти Деҳқонариқ ба Деҳқонобод, номи деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба Истиқлол, Ғайрат ба Хуросон, Ғалаба ба Хутан, Хуррамзамин ба Ориён иваз гардид.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ номи деҳоти Узун ба Золи Зар, деҳоти Фрунзе ба Навоӣ, деҳаи Москва ба Зарзамин, Ҳосилот ба Обчакорон, деҳаи Киров ба Даштобод, Ташробод ба Сабзадашт мубаддал шуд. Дар ноҳияи Темурмалик маҳаллаи Совет номи Баҳманруд, деҳоти Лақай Кармишев номи деҳоти Кушктеппа, деҳоти Бобоюнус номи Чилчаҳ ва деҳоти Қаракамиш номи Ҳусайнободро гирифт.