Нашри китоби дуюми соҳибкори маъруфи тоҷик: Усмонов аз чӣ сар карду ба чӣ ноил шуд?

Нурулло Усмонов, мудири кулли гуруҳи ширкатҳои “Нур”, дар арафаи ҷашни 60-солагияш дуюмин китоби худро бо номи “Некӣ бимонад ҷовидон” ба нашр расонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Соҳибкори маъруфи тоҷик дар таъйиди ин хабар гуфт, ин китоб хотираҳои зиндагии ӯро аз замони шуруъи фаъолиятҳояш то имрӯз дарбар мегиранд ва дар умум ривоятҳои мулоқоту бархӯрдҳои ӯ бо афроди маъруфу номаъруф, аммо соҳибдилу накӯкор аст.
Қарзи “Агроинвестбонк” тоҷири дигарро ба зиндон кашид: чаро Акбар Ҳакимов ҳабс шуд?
“Мағзи он чӣ ман хостам баён кунам ин аст, ки ҳар гуна фаъолияти соҳибкорӣ бояд қабл аз ҳама накӯиву накукорӣ, хизмат ба мардум ва ободии ватанро ҳадаф гузорад. Инро аз хурдӣ ба ман падари бузургворам таъкид мекарданд. Банда дар ин муддат ҳар чӣ анҷом додам, ба ҳамин ниятҳои нек анҷом додам ва сирри муваффақиятҳои худро низ дар ҳамин мебинам”, - гуфт Нурулло Усмонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин китоби дуюми соҳибкори маъруфи тоҷик аст. Китоби аввали ӯ “Ҳафт тариқати соҳибкорӣ” ҳудуди 10 сол пеш ба нашр расида буд.
Бар асоси ҳолнома, Нурулло Усмонов 20 марти соли 1961 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд, ҳоло Бобоҷон Ғафуров ба дунё омада, фарзанди шашуми хонадони Мирғиёс Усмонов, як деҳқони одӣ буд. Ҳарчанд ӯ ба Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дохил шуд, аммо шароити оилавӣ имкон надод, ки таҳсилро ба анҷом расонад. Ӯ сари замин баргашт, то ба падараш кӯмак кунад.
Бистарӣ шудани тоҷири шинохтаи Тоҷикистон дар шуъбаи эҳё - акс
Нурулло Усмонов соли 1990 кооперативи “Бунёдкор” – ро дар вилояти Суғд таъсис дод, ки ба боғдорӣ, коркард ва таҳияи афшураи меваву сабзавот ихтисос дошт. Ин кооператив баъдтар ба Ширкати илмӣ – техникии бисёрсоҳаи дорои масъулияташ маҳдуди “Нур” табдили ном карда, дертар ба ширкати “Нур” шӯҳрат пайдо намуд.
Соҳибкор тиҷоратҳои худро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар шимоли Тоҷикистон оғоз кард. Қабл аз ҳама ӯ силсилаи нуқтаҳои фурӯши газро ба роҳ андохта, бори аввал дар Тоҷикистон ҳаракати нақлиёт бо ин навъи сӯзишворӣ ба роҳ монда шуд. Ширкати “Нур” он замон дар Қазоқистон бештар аз 4 ҳазор гектар заминро ба иҷора гирифта, кишт ва парвариши гандумро ба роҳ монд, то ба Тоҷикистон гандум орад.
Соҳибкори тоҷик мегӯяд, ҳадафи ӯ мусоидат ба ҳалли мушкили мардум буд, зеро солҳои 90 вазнинтарин солҳо барои мардуми Тоҷикистон буданд.
“Шарофати инсонӣ дар он аст, ки инсон ба ҳамаи ҳодисаву воқеаҳо бо назари нек нигоҳ кунад ва ҳатто дар барорбари сахтиҳову бадиҳо ва ноҷавонмардиҳое, ки ба сараш меояд, бо диди мусбат нигарад ва ба он бо некӣ посух диҳад. Фикр мекунам, асрори муваффақиятҳои ман маҳ ҳамин буд”, - гуфт Нуруллоҳ Усмонов.
Қарори Додгоҳи иқтисодӣ: соҳиби бозори "Панҷшанбе" баъди 20 сол иваз шуд
 Ба ҳамин тартиб, ширкати “Нур” баъдтар бо чанд корхонаи дигар - мактаби “Нур”, кӯдакистони “Нур”, китобхонаи “Нури Имоми Аъзам”, меҳмонхонаи “Нури Аҷам”, корхонаи нассоҷии “Нуртекс”, кооперативи тиҷоратии “Моҳии заррин, маркази табобатию фароғатии “Нур”, терминали байналмилалии “Нурафшон”-и фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, корхонаи гаҷ дар Конибодом ва ғайра тавсеа ёфт.
 Дар китоби “Некӣ бимонад ҷовидон” соҳибкор аз рӯзу рӯзгор ва мулоқоту дидорҳое, ки бо соҳибкорон, сиёсатмадорон, аҳли илму адаб ва санъат қисса мекунад, аз ҷумла Биҳоҷал Раҳимова, муовини сарвазири Иттиҳоди Шӯравӣ, Рем Вяхирев, собиқ раиси “Газпром”-и Русия, сиёсатмадорон - Юсуфҷон Ахмедов, Бобоҷон Икромов, шоирону аҳли санъат - Аскар Ҳаким, Фарзона, Озарахш, Ҷӯрабек Муродов, Зебо Аминзода, Шералӣ Ҷӯраев, Ҷамшед Исмоилов ва дигарон.
Дар ҳолномаи Нуруллоҳ Усмонов омадааст, ки ӯ як даъват вакили маҷлиси вилояти Суғд низ буд. Ӯ бо медали ба номи Жуков, ҷоизаи байналмилалии “Малика Виктория”, мукофоти “Палатаи тиллоӣ” ва ғайра сазовор гардидааст, аммо тавре худаш мегӯяд, мукофоти бузургтаринаш ба даст овардани эҳтироми мардум аст.