ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Файзов Ёдгор раиси ВМКБ бо ирсоли паём тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ муборакбод намуд.
Дар матни табрикотии Файзов, ки котиботи раиси вилоят онро нашр намудааст, шеваи таҷлил кардани ин ид дар Бадахшон шарҳ дода шудааст.
Ба изҳори Файзов, дар аксар навоҳии Бадахшон дар нахустин рӯзи ид баъди анҷоми поккорӣ ва тоза кардани хонаҳои аҷдодию гирду атроф, пухтани таомҳои наврӯзӣ сар мешавад.
"Дар рӯзи дуввум аҳли хонавода бо таомҳои наврӯзи ба хонаҳои ҳамдигар, махсусан назди бузургсолон ва ашхоси муътабари маҳалла рафта, бо салому пайғоми наврӯзӣ эҳтироми онҳоро ба ҷо меоранд", - қайд намудааст раис.
Гузашта аз ин, Файзов, Наврӯз ҷашне номид, ки маҳаки инсонгароӣ дошта, мардумро ба накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кӯмак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамоядд
Ӯ мегӯяд, маҳз ба ҳамин хотир Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.
Файзов ба хонаводаи ҳар як тоҷикистонӣ покию сафо, хайру сахо, сидқу вафои наврӯзиро таманно кард.