ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, мураббия Рухсорамо санаи 23 ноябри соли 2020 ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ дар кӯдакистони рақами 1 нисбат ба ду хурдсол муносиботи бераҳмона кардааст.
Манбаъ афзуд, мураббия барои водор намудани ду кӯдак – Сайидмудассири 5-сола ва Назаралии 4-сола ба оромӣ, рӯяшонро бо қошуқ сӯзондаст.
“Барои ором нишаста бозӣ кардан дар ҳуҷраи бозии ҳамин муассиса қошуқи алюминиро дар бухории (печкаи) тафсон гарм намуда, бо мақсади сарзаниш додан ба воситаи он рухсораи номбурдагонро сӯзонида ба саломатиашон заррари сабуки ҷисмонӣ расонидааст”, - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.
Додгоҳи Кӯлоб Рухсорамои Давлатро бар асоси 174-и Кодекси ҷиноӣ - иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ гунаҳкор дониста, маҳкум намудааст.
Дар марвиди ҷазо тафсилоти бештар дода нашудааст, аммо моддае, ки аз рӯи он Рухсорамо гунаҳкор дониста шудааст, то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё то ду соли зиндон ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.
Назари худи Рухсорамо ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълумамон нест.