"Ҷаҳон ба ҳоли ИМА механдад" : ғазаби амрикоиҳо аз таҳқири Байден нисбати Путин

Корбарони канали Fox News аз изҳороти ахири кишвардори Амрико, Ҷо Байден нисбат ба Владимир Путин ва Русия шадидан нигаронанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Аксари корбарони шабакаи мазкур аз он бим доранд, ки Ҷо Байден бо рафтору гуфтори худ кишварро ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад.
Теъдоди дигари баҳскунандаҳо исрор варзиданд, ки Байден побанди "гурӯҳи қаллобони демократҳо" шуд, ки ахиран ӯро сари қудрат оварда шинонданд. Ҳамчунин шумораи дигари корбарон талаб намуданд, ки Ҷо Байден бояд барои ин амали худ аз кишвардори Русия узр пурсад.
"Байден кори аз ҳад зиёдро ба дӯш гирифтааст. Вай худаш ва кишвари моро дар муносибат бо дигар давлатҳо ба мушкилоти калон дучор мекунад. Бовар кунед, на Русия, на Чин ва на Кореяи Шимолӣ аз Байден ва ИМА наметарсанд", - тавсия додааст SouthernComfort58.
Ҳамзамон илова намудааст, ки "мӯйсафед кӯшиш мекунад, то нақши "бачаи крутой" -ро бозад, аммо мардум дар саросари ҷаҳон ба ҳоли Байден ва Амрико механданд".
Кӣ Байденро идора мекунад?
Корбари дигар wirepublican392  менависад, ки Байден бояд узр пурсад. Ӯ мегӯяд, Байден давоми ду давра дар замони роҳбарии Обама кор кард ва бояд аз ӯ ибрат гирад. Зеро Обама мудом барои аъмоли ноҷои худ аз роҳбарони хориҷӣ узр мепурсид.
"Мо бояд аз номи Байден бахшиш пурсем", - менависад jeffreywilliams. Ин корбар аз системаи интихоботии Амрико шадидан нигаронӣ кард, ки чунин нафарро ба ҳайси президент интихоб намуданд.
Аммо дар посух ба иддаои ин корбар, нафари дигар бо номи billding166 навиштааст, ки "чаро бояд мо аз номи Байден узр пурсем, бигзор барои ҳарфи гуфтааш, худ ҷавоб гӯяд.
"Дар зарфи танҳо ду моҳ ин қадар зарар! Дар мамлакати мо вақте ки гуруснагон ба қудрат мерасанд, чӣ қадар вақт ва пул зоеъ меравад!", - нигаронӣ намудааст GaryJB.
Ёдовар мешавем, ки президенти Иёлоти Муттаҳида дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии ABC қаблан ба худ чанд изҳороти шадидро дар бораи раҳбари Русия иҷозат дода буд.
Вай инчунин гуфт, ки Путин "барои дахолат дар интихобот масъул хоҳад буд."
"Дашномдиҳанда худ лоиқи дашном аст": Путин ба Байден посух дод - навор
Аммо  Владимир Путин дар навбати худ ба Байден саломатӣ таманно кард ва изҳороти ӯро бо ибораи "дашномдиҳандаи худ лоиқи дашном аст" арзёбӣ кард.
Раҳбари Русия Байденро ба ташкили як мубоҳисаи мустақим даъват кард, зеро "ин ҳам барои мардуми Русия ва ҳам барои мардуми Амрико ҷолиб хоҳад буд". Вай рӯшан кард, ки омода аст бо президенти Иёлоти Муттаҳида рӯзи ҷумъа ё душанбе гуфтугӯ кунад.