ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Юнусов дар ҷамъбасти озмуни шоҳмотбозони ҷумҳурӣ, ки бо пирӯзии наврасон анҷом ёфт, изҳор дошт, ки ин далели ба воя расидани шоҳмотбозони боқувват мебошад.
Ахиран дар Душанбе мусобиқаи шоҳмот бо иштироки зиёда аз 70 шоҳмотбози синнусоли гуногун доир гардид. Дар мусобиқа байни мардон 51 нафар ширкат варзида, ғайриинтизор Ҷалолиддин Илҳомии 13-сола бо касби 7,5 имтиёз аз 9 холи имконпазир дар байни калонсолон ғолибият ба даст овард, хабар дод сомонаи телевизиони “Варзиш”.
Манбаъ афзуд, бо касби ҳамин миқдор имтиёз Меҳриддин Шарифови 17-сола зинаи дуюми мусобиқаро миёни мардон ишғол намуд. Медали биринҷии мусобиқаро Шаҳром Салимови 19-сола соҳиб шуд.
“Ин гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон насли бештар бақуваттари шоҳмотбозон ба воя мерасад”, - иброз дошт ноиби президети Федератсияи миллии шоҳмот, роҳбари Федератсияи шоҳмоти Душанбе Илҳом Юнусов.
Ба иттилои сомона, дар рақобатҳо байни занон 22 нафар ширкат варзида, Мутриба Ҳотамӣ бо касби 9 имтиёз аз 9 холи имконпазир бори навбатӣ ба пирӯзӣ ноил гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро миёни занони шоҳмотбоз Сарвиноз Каримова ва Шукрона Масҳабова ишғол намуданд.