ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Аз 20 март то 9 апрел дар Киев бинобар бад шудани вазъият дар робита ба паҳншавии коронавирус, қарантини шадид ҷорӣ мегардад.
Дар бораи ҷорӣ шудани қарантин раиси шаҳри Киев Виталий Кличко дар сафҳаи Facebook хабар додааст.
"Аз 00:00 - и 20 март, аниқтараш аз шаби ҷумъа ба шанбе дар Киев қарантини шадид ҷорӣ мешавад. Зеро наҷот додани ҷони одамон афзалтар аст. Ин маҳдудиятҳо то се ҳафта идома хоҳанд ёфт", - таъкид намудааст мири шаҳри Киев.
Гуфта мешавад, то 9 апрел ҳамаи кинотеатрҳо, толорҳои консертӣ, осорхонаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ фаъолияти худро қатъ мекунанд.
Танҳо мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо ва ҳамчунин фурӯшгоҳҳои ҳайвонот бо риояи тамоми чораҳои беҳдоштӣ фаъол мемонанд.
Дари ибодатгоҳҳо низ баста шуда, иштироки тамошобинон дар мусобиқаҳои варзишӣ манъ карда шудааст. Зимнан, кӯдакистонҳо дар режими маъмулӣ фаъолият мекунанд, аммо толибилмон ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд.
Бояд гуфт, ки шабонарӯзи ахир дар Украина 15 053 ҳолати ҷадид сироятшавии шаҳрвандон ба вируси COVID - 19 сабт гардидааст, ки аз ин миён бештар аз 1 ҳазор мариз дар Киев ба қайд гирифта шудааст.