Убайдулло Раҷабов дар бораи муллои чаласавод, вокуниши муфтӣ ва хомӯшӣ аз камбудии раисон

Убайдулло Раҷабов, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик, дар бораи нақши муллои чалласавод, вокуниши муфтӣ, хафашавии Нигина Рауфоваи марҳум, чойдиҳӣ ба кӯдаку муроҷиат ба модарон дар Данғара, камбудии раисону хомӯшиҳо дар ин маврид суҳбат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Раҷабов аз аҳамияти бахши фарҳанг суҳбат карда, изҳор доштааст, ки дар ҳақиқат, дар мо ҳастанд роҳбароне, ки соҳаро, хосса соҳаи фарҳангро намедонанд.
“Андешарониву пешниҳодҳову фаъолияташон ҷавобгӯи талабот нестанд. Аксар вақт “изои муъмин ҳаром аст” гуфта, хомӯш менишинем, агарчи оқибату натиҷаи он хуб нест, ба манфиати рушди фарҳанги асил ва миллат намебошад”, - изҳор дошт Раҷабов дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият”.

Хурсандии Зебуниссою хафашавии Нигина

Ӯ аз ҷумла аз нақши сарвари муассисаи фарҳангие ёд кард, ки фарқи шоираи классик Зебунисоро аз Зебунисои камонвари тоҷик, чемпионкаи ҷаҳон, намерафт ва, аз ҷумла изҳор дошта буд, ки “ин Зебунисои худамон Махфӣ, Махфиевна шудааст?”.
Посух ба Слепаков: Қодиров дар васфи футболбозони тими Русия шеър навишт
Ҳаҷвнигор афзуд, ки  Зебунисо Рустамова барои иловаи ин қисмат ба намоишнома хурсанд шуда, изҳор доштааст, ки “бисёриҳо аз ин дастовардам, ки дар ҷавонӣ чемпионкаи ҷаҳон шудаам, хабар надоштанд”.
Ҳунарпеша инчунин аз тақлиди шодравон Нигина Рауфова гуфтааст, ки марҳум дар аввал ошуфта шудааст, аммо баъдан дарк кардаст.
Раҷабов гуфт, сабти ин тақлид барои як барномаи солинавӣ сурат гирифта буд, наворбардорон низ натавонистаанд, худро аз ханда боздоранд.
“Ба Нигина Рауфова расонданд, ки “Шуморо чунон шарманда кардааст, ки... Агар ин намоиш биравад, тамоман беобрӯ мешавед”. Нигина барои эътирозу шикоят ба қабули раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ медарояд. Шодравон Ғоиб Қаландаров, ки намоишро дида буданд ва медонистанд, ки он ҳеҷ гуна таҳқир нест, ӯро ором мекунанд, моҳияти пародияро барояш мефаҳмонанд. Инчунин, амр менамоянд, ки 100 сӯм мукофоташ бидиҳанд”, - зикр шудааст дар мусоҳиба.
Пас аз он моро даъват карда гуфтанд, ки ба ин маҳдуд нашавем, қаноат наварзем ва тақлидкориро идома бидиҳем. Ва идома додем. Ба аксар мардум ин гуна пародияҳои адресдор ё худ мушаххас, писанд буд. Аммо бархе аз рӯи рашк, ҳасад, бадбинӣ ва эҷод кардани монеаҳо дар роҳи фаъолияти ҳунарӣ санги маломатамон мезаданд. Мо инро медонистем ва ба он, яъне таҳаммулаш, тайёр ҳам будем.

Қаҳрамонҳо аз деҳаи Давлатшоҳиёни Кангурт

Дар бораи зиндаю табиӣ баромадани нақшҳояш Раҷабов изҳор доштааст, ки ин қаҳрамонҳо ҳақиқӣ буданду ҳастанд:
Ҳамдардии вазири фарҳанг бо хонаводаи Амонулло Қодиров
Баъзе аз онҳо дунёро падруд гуфтаанд, бархе ҳанӯз ҳам дар деҳаи ман - Давлатшоҳиёни Кангурт зиндаанд. Мӯйсафедон, сокинони деҳа, онҳоро бо дидани ин саҳна пеши рӯ меоварданд. Як мӯйсафед дар маъракае гуфтааст: “Кофта нагардед, ки ин киву он дигар кӣ аст. Кампир Холмо аст, дар ҳамин деҳа бо ягона писараш зиндагӣ мекард. Падари кӯдак онҳоро партофта рафт”.
Ман дар деҳа зода шудаам. Ба зиндагии он, корҳои он, хуб ошноӣ дорам. Аз кӯдакӣ дар хотирам ин саҳнаҳо ва дигар саҳнаҳо, ҳолатҳо, гапзаниҳо нақш бастааст. Инчунин, ҳамеша меомӯзам. Ҳунарманд пайваста бояд биомӯзад ва ба он чӣ омӯхтаасту меомӯзад, қонеъ набошад. Наомӯхтан ва қаноатпешагӣ марги ҳунари ҳунарманд маҳсуб мешавад.

Қиссаи чойрезӣ ба кӯдаку муроҷиати Раҷабов ба модарон дар Данғара

Убайдулло Раҷабов инчунин як қиссаро нақл кардааст, ки ҳангоми як намоиш дар Данғара рух додааст: Ӯ гуфт, моҳи майи 1985 дар колхози ба номи Ленини ноҳияи ба толоре, ки тахминан панҷсад - шашсад ҷойи нишаст дошт, се- чор маротиба зиёдтар тамошогарон омада буданд ва нафасгирӣ дар он ҳол мушкил мешуд.
Ғарқшавии Гулбаҳор: чаро ӯ ва Сулаймонро Муқимҷон ба об тела дод? - видео
Дар миёни намоиш кӯдаки хурдсоле, ки дар бағали модараш нишаста буд, ба гиря медарояд, атрофиёнаш ба ӯ гуфтанд, ки аз толор бо кӯдакаш бибарояд. Аммо ӯ рад кардааст. Раҷабов нақл кард, ки “дар нишон додани намоиш чанд лаҳза таваққуф менамудем. Ҳамин ки сар мекардем, ба нишон додани идомаи намоиш, кӯдак боз гиряро аз нав оғоз мебахшид. Дарёфтам, ки кӯдак ташна аст”.
Ӯ афзуд, ки аз чойники саҳна ба пиёла чой рехтам ва даст ба даст равон ба он кӯдаки гирён кардаст. Кӯдакро модараш нӯшонд ва ӯ хомӯш шуд. Ин бор ҳам ба он чой рехтам ва ҳамон гуна дароз кардам, ки модараш низ бинӯшад. Ҳарчанд гуфт, ки ташна нест, зарурат надорад, хоҳиш намудам, бинӯшад. Нӯшид. Пиёла боз ба саҳна баргашт.
Раҷабов афзуд, ки дар ин ҳол ба тамошобинон муроҷиат карда, гуфтааст, “модарони азиз, хоҳарони меҳрубон, ба дидани намоиш, ки омадед, барои кӯдаконатон дар шиша об биёред, чой биёред. Интизор нашавед, ки Убайдулло Раҷабов кай аз Душанбе меояду кӯдакони ташнаи шуморо чой медиҳад”. 

Нақши муллои чаласавод ва вокуниши муфтии Тоҷикистон

Аз Убайдулло Раҷабов инчунин дар бораи нақши муллои чаласавод пурсиданд, ки дар он мулло дуоро ғалат мегӯяд ва ба ҷавони эродгиранда, донишҷӯи арабидон, дар охир ба нишони эътироз, дар ҳоли ғазаб мегӯяд: “Иди к черту, молокосос”.
Давлатзода аз харҷи маблағ ва анҷоми сохтмони театри Маяковский гуфт
Ҳунарпеша изҳор дошт, ки муаллифи намоишнома устоди равоншод Ҷалол Икромӣ буд ва офаридани ин нақшро ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Бурҳон Раҷабов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Носир Ҳасанов, ба уҳда нагирифтанд.
“Баъд ман ин нақшро офаридам. Онҳое, ки муллои асил буданду ҳақиқатро, ҳақиқати зиндагиро мешинохтанд, намоиш ва ин нақшро хуш пазируфтанд. Аз ҷумла, муфтии давр Калонзода бо  муҳаббат гуфтанд: “Мо – аҳли хонавода ҳар намоиши  Шуморо тамошо мекунем. Шумо дар ин маврид меҳмони иззатманди хонаи моед. Бо ин намоиш дар тарбияи динии муллоҳои бесаводи мо саҳм гирифтед. Онҳо камбудии худро фаҳмиданд ва дарёфтанд, ки ин ҳама аз фаҳму назари мардум дур намемонад”.