"Корвони саломатӣ": Тоҷикистон ду маҷмааи тиббии сайёр дарёфт кард - акс

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз дарёфти ду мошини калонҳаҷми тибии сайёр хабар медиҳад. Ин иқдом дар доираи тарҳи "Корвони саломатӣ" роҳандозӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи "Корвони саломатӣ"-ро дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумат ва Бонки Авруосиёгии Рушд, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ шудааст, оғоз намуд.
Тибқи иттилои вазорат, маблағи умумии лоиҳа 2, 06 млн. долларро ташкил дода, аз он 2,0 млн. маблағҳои грантии Фонди Авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва 60,0 ҳазор ҳамчун саҳми Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дарёфти ду мошини тиббии сайёр дар Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки татбиқи лоиҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд пешбинӣ гардида, он бо мақсади пешгирӣ ва муайян намудани бемориҳо дар байни аҳолии деҳот ва маҳаллаҳои дурдаст  ва ҳамзамон ба баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа нигаронида шудааст.
Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур рӯзи 15 марти соли 2021  ду адад маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ ба Тоҷикистон ворид гардид, ки маросими қабул ва муаррифии расмии онҳо дар нимаи аввали моҳи апрели соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Тоҷикистон соҳиби 5 маҷмааи тиббии сайёр мешавад - акс
Нақлиёти махсуси сайёр аз чор модул, аз ҷумла чор маҷмӯъ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ таҷҳизонида шудааст.