Сироятшавии оммавии хизматчиёни ҳарбӣ аз илтиҳоби шуш дар Қирғизистон

Ба далели сироятшавии оммавии сарбозон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Қирғизистон, айни замон 11 сарбоз аз бемории илтиҳоби шуш табобат мегиранд.
Мулоқоти Ятимов бо Ташиев оид ба аломатгузории сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Аз рӯи далели сирояти оммавии хизматчиёни ҳарбӣ ба бемории сил дар Бишкек парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти Прокуратураи генералӣ.
Додситонии ҳарбии гарнизони Бишкек парвандаро бо банди 1-и моддаи 331 "Хунукназарӣ" -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон тафтиш мекунад.
Рӯзи 15 март хабар дода шуд, ки 11 сарбози нерӯҳои дифоъи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Вазорати дифоъ таҳқиқи эпидемиологӣ гузаронида, манбаи эҳтимолии беморӣ муайян карда шудааст.
Тибқи иттилои Додситонии кулл, аз рӯзи 18 январ инҷониб 11 хизматчии ҳарбӣ аз яке аз  қисмҳои низомӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Манбаъ афзуда, ки ташхисҳо гузаронида мешаванд ва тафтишот идома дорад.