ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Душанбе аз моҳи март расман пойтахти комилҳуқуқи фарҳангии ИДМ мешавад, хабар медиҳад котиботи Вазорати фарҳанг.
Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи тантанавии барномаи "Душанбе - пойтахти фарҳангии ИДМ - 2021" дар Театри давлатии академии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ин сана ба Иди байналмилалии Наврӯз рост меояд.
Манбаъ меафзояд, дар маросими ифтитоҳ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок намуда, ба ӯ расман шаҳодатнома, ки мақоми пойтахти фарҳангиро тасдиқ мекунад, супорида мешавад.
Зимнан, дар маросими мазкур, барномаи калони фарҳангӣ - фароғатӣ бо иштироки ҳунармандон аз Русия, Белорус ва Ӯзбекистон дар назар аст.
Барномаи байнидавлатии "Пойтахти фарҳангии Иттиҳод" яке аз лоиҳаҳои калидии ИДМ дар соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад. Маъмулан, тибқи анъана, онро Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстона дастгирӣ мекунад.
Аввалин шаҳри Тоҷикистон, ки мақоми пойтахтро гирифт, Кӯлоб буд ва соли 2015 соҳиби ин унвон гардид. Пас аз панҷ сол ин ифтихор насиби Душанбе гашт.