ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон эмгузаронӣ алайҳи коронавирус бо ваксинаи AstraZeneca рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Тибқи нақша, эмкунӣ алайҳи COVID-19 дар навбати аввал аз кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз мешавад.
"Вазорати тандурустии Тоҷикистон аллакай эълом дошт, ки ҷумҳурӣ аз ваксинаи AstraZeneca даст намекашад. Дар оянда, агар воқеан дар ҷумҳурӣ пайомадҳои номатлуби татбиқи ваксина сабт шаванд, он гоҳ мавзӯъ барои баҳсу баррасӣ пайдо хоҳад шуд", - гуфт Давлатов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Давлатов гуфт, ӯ ҳам "Спутник V" ва ҳам доруи AstraZeneca -ро омӯхтааст ва афзуд, AstraZeneca метавонад таъсири манфӣ дошта бошад, зеро дар он аденовируси аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфта истифода мешавад.
Вай хотирнишон кард, ки худи кишварҳои ғарбӣ аллакай "таъсири манфӣ" -и ваксинаро муайян ва эълон карданд.
Ба гуфтаи Давлатов, дар Тоҷикистон пул нест, аз ин рӯ ваксина аз ҳисоби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ харида мешавад.
"Агар Тоҷикистон қобилияти молиявӣ медошт, шояд мақомот "Спутник V" - ро мехариданд", - илова кард табиб.
Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон метавонад аз Русия барои хариди ваксина қарз бихоҳад. Давлатов инчунин афзуд, ки пурсишҳо дар Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки сокинон ба Русия эътимоди бештар доранд.