Даргузаштаи профессор Исмоилов бар асари сактаи дил - акс

Профессор Шамсулло Исмоилов, олими барҷастаи забоншиноси тоҷик имрӯз дар синни 73-солагӣ дунёро падрӯд гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik.  Шамсулло Исмоилов, профессори кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бар асари сактаи дил даргузашт.
Профессор Шавкат Ниёзӣ дар Маскав даргузашт: тобути ӯро ба Тоҷикистон намеоранд
Дар ин бора Доро Суҳробӣ, сухангӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, ки марҳум то рӯзҳои охири ҳаёташ дар ин муассиса дарс мегуфт, иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, профессор Шамсулло Исмоилов аз соли 2013 то охирон рӯзи ҳаёташон дар ин донишкада ба донишҷӯёну аспирантон, магистрону докторантҳо дар баробари дарси забону шевашиносӣ дарс медоданд.
Устод Исмоилов санаи 17-уми июни 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод ба дунё омада, баъд аз хатми омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм (ҳоло Рашт, соли 1966) бо умеди муаллим шудан ба Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе дохил шудааст.
Бар асоси ҳолнома, устод Шамсулло Исмоилов соли 1999 рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Таҳлили лингвистии топонимияи водии Қаротегини Тоҷикистон” ба анҷом расонида, ҳимоя намудаст.
Дар муддати фаъолияти илмиву таълимияш профессор Шамсулло Исмоилов беш аз 200 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ навишта, рисолаҳои “Назаре ба вожаҳои ҷуғрофӣ” (1993), “Баъзе масъалаҳои таълими забон дар мактаб” (1994), “Инъикоси архаизму диалектизмҳо дар номҳои ҷуғрофӣ” (1996), “Назари Абдусалом Деҳотӣ ба масоили забони тоҷикӣ” (1998), “Раҳнамои таҷрибаи шевашиносӣ” (2005), “Нақши Авесто дар топонимияи Тоҷикистон” (2012), “Як омили халқияти забони асари бадеӣ” (2012), “Топонимияи Тоҷикистон” (2014), “Бузургонро бузургон зинда медоранд” (2016) ва дигар асарҳои гаронарзишро ба нашр расониданд, ки ҳар кадоме ба як шохаи илми забоншиносӣ бахшида шудааст.