ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта масири Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Мурғоб масдуд буд.
Ба иттилои манбаъ, бегоҳи рӯзи 17 март дар ин масир якбора се тарма фаромад, ки роҳро басту ҳаракати нақлиётро ба мушкилӣ мувоҷеҳ кард.
Манбаъ меафзояд, дар ин ҳодиса танҳо роҳҳо баста шуданд ва хушбахтона ягон талафоти молӣ ва ҷониро дар пай надошт.
Гуфта мешавад, барои бартараф намудани тарма, Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кард ва феълан роҳҳо боз ҳастанд.
Зимнан, бар хабари КҲФ, наҷотбахшон ба таври шабонарӯзӣ дар роҳҳои мошингарди кӯҳии Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Ванҷ навбатдорӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳавои Тоҷикистон то 19 март номусоид буда, хавфи лағзиши тарма, резиши сангу рег боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш мекунад,то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд, ба ҷамъоварии ҳезум ё чорвочаронӣ нараванд.