Даҳшат: марде дар Ашт бо корду болға ҳамсар, духтари 6-солааш ва падару ҳамсояро кӯфт

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи мудҳише хабар медиҳад, ки марде қариб ҳамаи аъзои хонаводаи худ ва ҳамсояашро аз ҳаёт маҳрум мекард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, зимни баргузории чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Зане, ки писари 7-cоларо дар пойтахт кушту фирор кард, боздошт шуд
Гуфта мешавад, ки ин мард, рӯзи 16-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ зада, ӯро ба замин афтонида, сипас бо корди хоҷагӣ ба аъзои баданаш задааст.
Баъдан, ба духтари хурдсоли 6-солааш, ки аз тарс дод задааст, бо корди хоҷагӣ ҳамла карда ба баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Бо ҳамаи ин қаноат накарда, номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромадааст.
Вазорат мегӯяд, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ӯ ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Мирзомалик ҳамсарашро кушту худашро корд зад: қатли бераҳмонаи Гулнигор дар Ҷайҳун
Ҳамин тариқ, номбурда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан ҳамсояаш марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии истиқоматии онҳо омада будааст, бе ягон асос ба сараш бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Ҳомиладор шудаст: Савронбӣ гуфт, чаро маъшуқи 22-солаашро кушт - видео
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.