ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Самариддин Ализода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ба Институте, ки ваксини АstraZeneca дар он истеҳсол ва вориди Тоҷикистон шуд, тавсиф намуд.
Ба муовини вазири тандурустӣ аз нигаронии аксар мардуми Тоҷикистон хабар доданд, ки ба ваксини таҳияшуда дар Ҳиндустон хушбин нестанд ва аз гирифтани эм ҳарос доранд.
Аммо Ализода мегӯяд, "ин Институт олиҷаноб аст" ва Тоҷикистон давоми чандин солҳо бо он ҳамкории зич дорад.
Ба маълумоти ӯ, аксар ваксинҳоро Тоҷикистон маҳз аз ҳамин институт дастрас мекунад ва сатҳу сифати маводи дорувории он ба дараҷаи олӣ аст.
Ӯ мегӯяд, мардум бояд нигарон набошанд, чун маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон танҳо пас аз анҷоми тафтишоти СҶБ бобати муассирияти ваксини АstraZeneca шурӯъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 192 000 воя ваксини мазкурро аз Ҳиндустон ворид кард ва интизор меравад, ки ҳудуди 20 дарсади аҳолии мамлакат маҳз бо ҳамин ваксин эмгузаронӣ шаванд.
Аммо вақтҳои охир сару садоҳо дар мавриди таъсири манфии ин ваксин ба организми инсон зиёд шудааст ва дар ин робита аксар кишварҳои ИА аз истифодаи он даст кашиданд.
Чанде пеш, ҷумҳурии Қирғизистон воридоти ин ваксинро боздошт. Ба Ӯзбекистон бошад, аллакай ваксини мазкур ворид шудааст, вале маъракаи эжмгузаронӣ ба мисли Тоҷикистон мавқуф гузошта шудааст.