ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ин нуктаро имрӯз, 18 март, дар як мизи мудаввари муаррифии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” эълон кард. Вай гуфт, тайи солҳои 2016 – 2020 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуд.
“Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 26 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 74 фоиз кам гардид. Рушди миёнасолонаи маҷмӯӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд”, - гуфт Завқӣ Завқизода.
Вазири иқтисод ва рушди савдо гуфт, мавқеи Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ 59 зина ва нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо, тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ, 32 зина беҳтар гардид.
“Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои 2016-2020 таъсири буҳронҳои иқтисодию иҷтимоии глобалӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ нисбати шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон бармало буд”, - гуфт Завқӣ Завқизода.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, арзиши умумии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 115,3 миллиард сомонӣ буда, аз он 51,3 млрд. сомонӣ (44,5 фоиз) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, 35,1 млрд. сомонӣ (30,5 фоиз) маблағҳои шарикони рушд ва 28,9 млрд. сомонӣ (25 фоиз) маблағҳои бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин мизи мудавваре, ки дар вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ширкати намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, коршиносони соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд, намояндагони доимии Барномаи Рушди СММ Пратибҳа Меҳта ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Мунео Такасака низ ширкат доштанд.