ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Яке аз бузургтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ, Ҷоми ҷаҳонии самбо, ҳафтаи оянда дар Маскав баргузор мешавад.
Дар ин ҷо қавитарин самбистҳо аз тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷамъ меоянд.
"Самбо ҳанӯз як намуди варзиши олимпӣ нест, гарчанде ки онро Кумитаи Олимпӣ эътироф кардааст, аммо ҳоло дар барнома иштирок намекунад",- гуфт Шестаков дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, аз Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, варзишгарони хуб кам нестанд ва онҳо метавонанд барои медалҳои тилло рақобат кунанд.
Вай хотиррасон кард, ки варзишгарони тоҷик аллакай қаҳрамони ҷаҳон буданд ва ҳоло интизор мешавад, ки натиҷаҳои хуб ба даст оранд.
"Ҳар як ҷумҳурӣ як навъ варзиши миллии худро дошт, аз ин рӯ, дар Тоҷикистон гуштигириро дӯст медоштанд ва дар он ҷо натиҷаҳои беҳтарин нишон медоданд", - мегӯяд мураббии шоистаи Русия.
Самбо ҳамаи намудҳои гӯштингро дар бар гирифтааст, бинобар ин, ба чунин навъи маъмули варзиш табдил ёфтааст, - шарҳ дод ӯ.
"Ҳар як кишвар усули тамрини худро дорад, аммо дар маҷмӯъ сатҳи он хеле баланд аст. Як мактаб ҳаст, собиқадорон, ки таҷрибаи худро ба варзишгарони наврас меомӯзонанд, аз ин рӯ мо аз ҳама натиҷаҳои баландро интизорем",- гуфт Шестаков.
Ба ҷуз аз кишварҳои собиқ ИҶШС, дар Индонезия, Филиппин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон низ варзишгарони хуб пайдо шуданд, илова намуд президенти федератсия.
"Осиё дар сатҳи байналмилалӣ хуб ба назар мерасад", - гуфт ӯ дар хотима.