Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Рӯзи оғози эмгузаронӣ бо AstraZeneca дар Тоҷикистон маълум нест

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Самариддин Ализода гуфт, рӯзи оғози эмгузаронӣ бо ваксинаи AstraZeneca дар Тоҷикистон то ҳол дақиқ нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Самариддин Ализода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар бораи эмгузаронӣ бо ваксинаи ангилсӣ-шведии AstraZeneca гуфт.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аврупо аз AstraZeneca рӯ мегардонад: дар Тоҷикистон бо ин ваксин эмкунӣ шурӯъ мешавад
Ӯ гуфт, то имрӯз дар асоси механизми COVAX, ки Тоҷикистон аъзои он аст, ба ҷумҳурӣ 192 ҳазор воя ворид гарташааст.
Ӯ афзуд, ки ин ваксина рӯзи 15 феврали соли 2021 аз тарафи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тасдиқ карда шудааст.
Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca, ки Тоҷикистон аллакай ворид кардааст, даст мекашад
Ба иттилои Ализода, дар Тоҷикистон бораи баргузории эмгузаронӣ барномаи миллӣ қабул карда шудааст ва тамоми чорабиниҳо дар асоси ин барномаи миллӣ гузаронида мешавад.
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, санаи дақиқи оғози эмгузаронӣ дар Тоҷикистон бо ваксинаи AstraZeneca то ҳол номаълум аст.
Ӯ гуфт, дар умум ба Тоҷикистон 624 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca  ворид крада мешавад ва бо он 20 фози аҳолӣ эм хоҳанд шуд.