Кумитаи тафтишотии Русия суруди Манижа барои Евровидениеро санҷид: ягон қонуншиканӣ нест

Кумитаи тафтишотии Русия суруди Манижаро барои Евровидение - 2021 бо дархости ходимони ҷамъиятӣ санҷидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Дар тасвири саҳнаӣ ва суруди сароянда Манижа Russian Woman ҳеҷ гуна қонуншиканӣ дида намешавад, менависад ТАСС бо такя ба як манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
"Агар дар муроҷиат нишонаҳои ҷиноят мавҷуд бошад, он гоҳ онро ба мақомоти тафтишотӣ фиристодан мумкин аст ва роҳбари он ҳақ дорад тафтиши мурофиавиро оғоз кунад", - омадааст дар хабар.
Аммо, дар ин ҳолат ҳеҷ гуна нишонаҳои фаъолияти ғайриқонуниро дида намешавад.
Невзоров: cуруди Манижа барои Евровидение як санҷише шуд, ки Русия аз он нагузашт
Кумитаи тафтишот оид ба далели муроҷиати ходимони ҷамъиятӣ дар изҳороте гуфта мешуд, суруди Манижа, ки ба озмуни Евровидение - 2021 пешниҳод шудааст, ифротгароиро таҳрик медиҳад ва дар он "изҳороти ғайриқонунӣ" мавҷуд аст, санҷиш гузаронидааст.
Қаблан, ҳайати таҳририяи рӯзномаи "Ветеранские Вести" ба сабаби ҳунарнамоии Манижа бо суруди Russian Woman ба раҳбарияти Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин муроҷиат карда буданд.
Кормандони нашрия матни сурудро "таҳқири шаъну шарафи занони Русия ва поймол кардани созишҳои миллӣ дар Федератсияи Русия" донистанд.
Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 марзи чор миллион бинандаро убур кард
Фаъолони ҷамъиятӣ хоҳиш карданд, ки тибқи моддаи барангехтани кинаву адоват парванда боз карда, инчунин паҳн кардани видеоҳо бо суханронии Манижа манъ карда шавад.

Евровидение 2021

Озмуни Евровидение - 2021 рӯзҳои 18-22 май дар Роттердами Ҳолланд баргузор мешавад. Ҳунармандони 41 кишвар сурудҳои худро пешкаш мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки суруди Манижа барои Евровидение - 2021 дар доираи интихоби миллӣ дар Шабакаи аввал пешниҳод карда шуд.
"Русҳо ба ӯ овоз доданд": ҳомии ҳуқуқ Фадеев аз Манижа ҷонибдорӣ кард
Суруди Russian Womanа вокуниши васеи мардумро ба бор овард ва вокунишҳои шадид боло Манижа рехт.