Даҳшат: дар Бишкек ноболиғ бародари 13 - солаашро кушт

Ноболиғи 17 - сола пас аз қатли бародари худ дар манзили истиқоматияшон фирор кард, аммо кормандони пулис ӯро зуд пайдо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Кормандони пулис дар Бишкек ноболиғи 17 - соларо дастгир намуданд, ки дар куштори бераҳмонаи бародари худ муттаҳам дониста мешавад.
Котиботи Шӯъбаи Вазорати умури дохилии шаҳри Бишкек хабар медиҳад, ҷасади кӯдаки 13 - солаи дар хун оғуштаро модари ӯ дар манзили зист пайдо ва сипас ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
Ба сараш се бор бо санг зад: боздошти марди 34-сола бо иттиҳоми куштор
Гуфта мешавад, дар рӯзи сар задани ин ҳодисаи нохуш, волидони кӯдакон ба кор рафта буданд ва фарзандони онҳо дар хона танҳо монданд.
"Ба эҳтимоли зиёд миёни онҳо муноқиша бархост ва ноболиғи 17 - сола бо истифода аз корд ба узвҳои ҳаётан муҳими баробар зарба расонд, ки дар натиҷа охирон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, пас аз бераҳмона куштани бародари худ, ноболиғ фирор кардааст, вале кормандони пулис ӯро аз миёни як қамишзор пайдо карданд.
Ӯ иқрор шуд, ки бо корди ошхона бародарашро кушт ва фавран онро бо об шуста, сипас роҳи гурезро пеш гирифтааст.
Ҳоло нисбати ин ҳодисаи нангин тафтишот идома дошта, гумонбаршаванда дар боздошт қарор дорад.