Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ализода дар бораи масунияти оммавӣ дар Тоҷикистон: мо бекор нашиштем, таҳқиқот мебарем

Дар Тоҷикистон наздики се моҳ мешавад, ки ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандон ба коронавирус сабт нагардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Олимони ҷаҳон бар ин назаранд, ки коронавирус минбаъд чун зукоми оддӣ пайваста инсониятро думболагир мешавад. Роҳи ягонаи раҳо шудан аз маргу мири барзиёд ин пайдо кардани масунияти оммавӣ аст.
Тоҷикистон аз АstraZeneca даст намекашад
Дар Тоҷикистон, ки ҳоло наздики се моҳ ягон мавориди гирифтор шудани шаҳрвандон ба коронавирус нест, аз ин рӯ ба назар чунин мерасад, ки шояд дар ҷумҳурӣ масунияти оммавӣ пайдо шудааст.
Дар робита ба ин, имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз муовини вазири тандурстӣ суол карданд, ки оё дар Тоҷикистон масунияти оммавӣ алайҳи коронавирус пайдо шуд ва ё на.
Посухи Ализода чунин буд, ки "вазорат бекор наистодааст". Ӯ гуфт дар ин самт, феълан дар мамлакат таҳқиқот идома дорад ва замонге, ки хулосабарорӣ анҷом ёфт, ҳатман ба ҷомеа натиҷаи онро мерасонанд.
Ба таъкиди муовини вазир, ҳоло Тоҷикистон ба маъракаи эмгузаронӣ омодагӣ мебинад.
Илова бар ин ӯ гуфт, Вазорати тандурстӣ комиссияи махсусе таъсис додааст, ки кори он пас аз оғози расмии маъракаи эмгузаронӣ шурӯъ мешавад.
Рӯзи оғози эмгузаронӣ бо AstraZeneca дар Тоҷикистон маълум нест
Комиссияи мазкур вазъияти ҳар як нафари эмгирифтаро тафтишу таҳқиқ намуда, дар сурати пайдо шудани ин ё он оризаҳо фавран ба СҶБ маълумот пешниҳод мекунад.
Ализода мегӯяд, ҳамарӯза СҶБ ба давлатҳое, ки дар доираи COVAX ваксин алайҳи коронавирус дастрас намуданд, маълумотҳо нав ирсол мекунад.