Санҷиши довталабони ӯзбекистонӣ барои қабул дар донишгоҳҳои Русия - видео

Пас аз танаффуси тӯлонӣ, донишҷӯёни ӯзбек дубора метавонанд барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия баргарданд
Sputnik
Дар Ӯзбекистон бо дастгирии “Россотрудничество” барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия имтиҳонҳои интихобӣ гузаронида шуданд.
Дар ҶТ имтиҳонсупорӣ барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия оғоз шуд
Санҷиш дар маҳалли Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек бо дастгирии Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон баргузор гардид.
 Барои гирифтани имтиҳон ба Тошканд муаллимон аз Барнаул, Екатеринбург, Йошкар-Ола, Калининград, Курск, Маскав, Новосибирск, Новочеркаск, Псков, Ставропол, Томск, Тюмен, Уфа ва Хабаровск омадаанд.
Дар маҷмӯъ, аз тамоми Ӯзбакистон ба имтиҳонот тақрибан ду ҳазор нафар омаданд.
Дар намояндагии “Россотрудничество” таъкид карданд, ки онҳо имкони баргузории рӯзи иловагии санҷишро барои онҳое, ки бо сабабҳои гуногун натавонистанд ба Тошканд расанд ва дар санҷишҳо ширкат варзанд, баррасӣ мекунанд.