ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Як манбаъ аз Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имсол эҳтимол аст моҳи шарифи Рамазон ба 13 апрел рост ояд.
Ин манбаъ гуфт ҳоло қарори важаи Шӯрои уламои кишвар дар ин бора содир нашудааст
Ӯ гуфт, барои муайян кардани санаи дақиқи оғози моҳи Рамазон, масъулини Шӯрои уламо бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳо ҳамкорӣ доранд.
“Қарори ниҳоӣ дар бораи санаи дақиқ пас аз хулосаи олимони Академияи миллии илмҳо ва Шӯрои уламо қабул ва дар маҷлиси умумии аъзои Шӯрои уламо эълон мешавад”, - афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, қаблан Идораи рӯҳонии мусалмонони Қирғизистон низ гуфта буд, ки санаи эҳтимолии оғози моҳи Рамазонро 13 ва 14-уми апрел аст.
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон дар давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.
Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.
Тибқи қавонин, духтарон аз 9-солагӣ ва писарон аз 12-солагӣ метавонанд рӯза гиранд. Занони ҳомила ва ширдеҳ, инчунин беморон аз гирифтани рӯза соқит ҳастанд.