ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи Маҷлиси миллӣ зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ кӯшишу ҳавасмандии Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар кишварро дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии миёни Тоҷикистон ва Россия нек арзёбӣ карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро дар муайянсозии афзалиятҳои асосии рушди муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба изҳор доштааст.
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентиро баррасӣ карда, дар марҳилаи муосир нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун унсури калидии ҳамкории байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.
“Дар ин ҷода аҳамияти муассири ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сиғаҳои нодиру самараноки бисёрҷониба, пеш аз ҳама Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва саҳми муҳими онҳо дар рушди фазои ҳуқуқӣ, таъкид гардид”,-афзуд манбаъ.
Рустами Эмомалӣ қайд намудааст, ки таҳкими ҳамкории мутақобила дар ҳошияи Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ яке аз самтҳои муҳими давраи раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ин созмон маҳсуб меёбад.
Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин дигар масъалаҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ҷаласаи навбатии сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони мазкур 31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.