Панҷ муштзани тоҷик дар Туркия зӯрозмоӣ мекунанд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Туркия панҷ муштзани тоҷик ширкат мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Дар шаҳри Истанбули Туркия мусобиқаи байналмилалии Босфор оид ба бокс оғоз шуд, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон низ ширкат доранд, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Деҳлӣ мизбони чемпионати Осиё мешавад
Ба иттилои манбаъ, мусобиқа то 21 март идома меёбад ва варзишгарон аз 25 давлат барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 5 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.
Аз ҷумла Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило миёни бонувон ва Аминҷон Сайрализода дар вазни то 57 кило, Бахтиёр Мирзомуҳаммад дар вазни то 75 кило,  Шаббос Негматуллоев дар вазни то 81 кило ва Сиёвуш Зуҳуров дар вазни 91кило миёни мардон зӯрозмоӣ мекунанд.
Кумита хотиррасон кардааст, ду варзишгари тоҷик аз намуди бокс – Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81 кило, ки соли гузашта роҳхати олимпӣ ба даст оварданд, ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 омодагӣ мебинанд.
Таъкид шудааст, ки ҳар ду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд.