ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи иттилои, ҳукумати шаҳри Турсунзода моҳи апрели соли равон сохтмони асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимаш бо забони русӣ оғоз мегардад.
Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода зимни боздод аз маҳалли бунёди сохтмони мактаби нав гуфтааст, барои оғози корҳои сохтмонии мактаб майдон омода гардида, ҳуҷҷатгузориҳо, бунёди роҳу пулҳо муташаккилона идома доранд.
"Тибқи нақша сохтмони мактаби мазкур моҳи апрели соли равон оғоз гардида, он дар муддати 18 моҳ сохта ба истифода дода мешавад",-афзудааст Акрамзода.
Ёдовар мешавем, бо кӯмаки Русия давоми се соли оянда дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ба истифода дода мешаванд.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон 15 январи соли 2020 ба тасвиб расонида шуда буд.
Буҷаи умумии сохтмони мактабҳо ва таъминоти дигар мактабҳои русӣ бо таҷҳизот 30 миллион доллар гуфта мешавад.
Қарор аст, дар ҳар як ин мактаб 1,2 ҳазор кӯдак ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Омӯзиш дар ин панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони русӣ, мувофиқи дастурамали таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.
Бар пояи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар кишвар 32 мактаби рӯсӣ бо шумораи 718 синф ва фарогирии 20 ҳозору 956 нафар хонанда ба таълим равона шудааст, ки ин мактабҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият мекунанд.
Инчунин дар мамлакат 170 адад муассисаи таҳсилоти миёнае, ки дар онҳо забони тоҷикӣ ва русӣ омӯзонида мешаванд, фаъолият намуда, дар онҳо 72 ҳазору 607 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд.