ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, дар ҷаласаи вакилони халқии пойтахт имрӯз масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва сабти биною иншооте, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе гузаронда шуданд, баррасӣ гардиданд.
Манбаъ афзуд, ки шаҳрдор ниҳодҳои марбутаро барои ба иҷора супоридани масоҳатҳои озоди моликияти коммуналӣ, пурра таъмин намудани ҷамъоварии маблағҳои амволи фурӯхташуда ва иҷора, таъмини бақайдгирии пурраю дурусти амвол муваззаф кардаанд.
Дар мавриди бино ва иншооте, ки аз ҳисоби ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ворид шудаанд, Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки барои барқарорсозӣ ва азнавсозии инфраструктураи муҳандисию таҷҳизонидани корхонаҳои коммуналӣ чораандешӣ карда шавад.
Солимгардонии иқтисодии корхонаҳои партовкашонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди партовҳои истеҳсолӣ, пурра ба системаи биллингӣ гузаштан ва бартараф намудани қарздориҳо, инчунин пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ аз дастурҳои дигаре будаанд, ки шаҳрдорӣ ба мақомоти дахлдор додааст.