ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Барои ҳимоят аз Манижа Сангин (Манижа) овозхони зодаи Тоҷикистон, ба таври ғайриинтизор шоумен Стас Баретский бархост.
Вай овозхон Юрий Лозаро ба ринг даъват кард, ки борҳо дар бораи номувофиқ будани Манижӣ барои Евровидение - 2021 назарҳо додааст.
"Умуман мехоҳам ӯро ба ринг даъват кунам, агар бихоҳад, омодаам бо ӯ мубориза барам. Вай нахӯди пеши қошуқ шудааст. Ӯ овозхонеро, ки бояд аз Русия баромад кунад, таҳқир мекунад. Ман фикр кунед, бигзор баромад кунад”, - гуфт собиқ иштирокчии гурӯҳи “Ленинград” дар муколама бо нашрияи Gazeta.SPb.
Баретский инчунин қайд кард, ки бо Лоза ташкили дуэл душвор нахоҳад буд, зеро онҳо "тақрибан дар як вазнанд".
Ёдовар мешавем, қаблан бисёриҳо бар он буданд, ки Русияро дар Евровидение - 2021 гурӯҳи Little Big муаррифӣ мекунад, ки Баретский бо он дар навори таронаи Rock-Paper-Scissors кор кардааст, аммо онҳо эълон карданд, ки имсол дар ин чорабинӣ ширкат нахоҳанд кард.
Дар ниҳоят санаи 8 март дар як овоздиҳии миллӣ миёни се ҳунарманд Манижа Сангин, овозхони рус ва зодаи Тоҷикистон ғолиб омад.
Дар пайи пирӯзии мавҷи вокунишҳои манфӣ болояш рехтанд, аммо будан ҳунамандону намояндагони ҷамъятӣ ва журналистон, ки аз ӯ пуштибонӣ карданд.