33 ҳазор доллар барои раҳоӣ аз толори суд ва зиндон: боздошти зану мард бо гумони қаллобӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марду зане хабар медиҳад, ки яке аз нафаре барои раҳоии бародараш дар суд ва дигаре барои раҳоии шавҳари хонуме аз ӯ маблағи калон гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 27-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2020, зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гуфт: боздошти марди 27-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ
Ба иттилои мабаъ, зан ваъда додааст, ки бародари ӯро аз толори суди шаҳри Турсунзода озод менамояд, аммо маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
"Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад",- афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми декабри соли 2018, марди 56-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
ВУД мегӯяд, мард ваъда додааст, ки шавҳари занро аз ҳабс озод мекунад, аммо фиреб дода, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.