ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 52,7 миллиард сомонӣ (тақрибан 4,6 миллиард доллар) расонад.
Ҳамин тариқ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар назар аст дар Тоҷикистон беш аз 21,8 миллиард сомонӣ ё 41,6% зиёдтар аз соли 2020 афзоиш ёбад.
Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон, дар давоми соли ҷорӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи 13,8% пешбинӣ шудааст.
Соли 2022 афзоиши истеҳсолот 14%, ва дар соли 2023 - 15,6% ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 30,8 миллиард сомонӣ (беш аз 2,7 миллиард доллар) -ро ташкил дод.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар охири соли гузашта ба ҳисоби миёна беш аз 3,2 ҳазор сомониро ташкил дод.
То соли 2030 ҳиссаи саноат дар сохтори ММД ҷумҳурӣ бояд то 21% афзоиш ёбад.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон асосан ба се бахш - истихроҷи маъдан, барқ ва хӯрокворӣ асос ёфтааст. Ғайр аз ин, саноати сабук, сохтмон ва мошинсозӣ саҳми назаррас доранд.