Садамаи мудҳиш: мошин дар роҳи Ёвон ба ҷарии 30-метрӣ чаппа шуд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи мудҳише хабар медиҳад, ки дар паи он ронанда ва мусофирон дар беморхона бистарӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 март - Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин воқеаи нохуш рӯзи 14-уми март, рӯзона тахминан соати 11:00 рух додааст.
Гуфта мешавад, ки садама ба сабаби аз уҳдаи нақлиёт набаромадани ронанда рух додааст.
Ҳалокати ронандаи 26 - солаи тоҷик дар Петербург: Range Rover ба худраваш бархӯрд - навор
Ронандаи автомашинаи "Опел-Астра", Саидов Ибодулло Исматович, сокини 56 - солаи ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Ваҳдат ба ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов мошинро дар нишебии тахминан 30-метрӣ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Саидов И.И. ва мусофирони дар дохилаш буда, Собирова Майрам Ҷамолиддиновна, сокини 49-солаи шаҳри Ваҳдат ва Мирзоева Нигина Мирзошарифовна, сокини 43 солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.