ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар километри 550 - уми роҳи Душанбе - Кӯлоб- Хоруғ бегоҳи рӯзи 14 март тарма фаромада, ҳаракати нақлиётро дар ин масир маҳдуд кард, хабар медиҳад Раёсати КҲФ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Ба иттилои манбаъ, тарма дар деҳаи Пастхуф тақрибан соати 17:50 дақиқа фаромад ва субҳи имрӯз ин роҳи мошингарди байналмилалӣ аз барф тоза шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.
Илова бар ин, РКҲФ аз фаромадани ду тармаи дигар дар вилояти мазкур хабар медиҳад. Яке, соати 11:20 дақиқа дар километри 36 - уми мавзеи Хамвои деҳаи Хиҷиз фаромад, ки дар натиҷа роҳи самти Рӯшон - Бартанг муваққатан маҳкам гардид.
Ин масир бегоҳи ҳамон рӯз аз барф тоза ва роҳ дигарбора барои ҳаракати нақлиёт кушода шуд.
Ҳамчунин аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ки дар километри 46-уми мавзеи Систи ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим дар натиҷаи лағзиши тарма роҳи мошингарди байналмиллалии самти Хоруғ-Ишкошим муваққатан маҳкам гардид.
Барои тоза намудани роҳи мазкур 1 адад техника сафарбар карда шуд ва бегоҳи рӯзи 14 март роҳ комилан аз тарма пок шуд.