ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Созмони ҷамъиятии "Нур" тасмим гирифтааст, имсол ҷашни "Наврӯз" - и аҷамро дар Лужникии шаҳри Маскав баргузор кунад.
Аз намояндаии ин созмон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ҷашни асосӣ рӯзи 21 март, аз соати 10:00 ба вақти Маскав шурӯъ мешавад.
Барномае, ки Созмони "Нур" дар ихтиёри Sputnik гузошт, ниҳоят рангоранг аст. Чорабинии ҷашнӣ бо садои карнаю сурнай оғоз мешавад.
Зимнан, мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили теннису волейбол ва куштӣ баргузор мешаванд.
Илова бар ин, дар як гӯшаи толори консертӣ, намоиши либосу хӯрокворӣ низ ба маърази ом гузошта мешавад. Зикр мегардад, ки ҳудуди 30 ҳунарманди хушсалиқа, ба мисли Ноҳид Зейналпуру Олимҷон Муминов бо таронаҳои идонаи худ табъи меҳмононро болида мекунанд.
Маъмулан, ҳамасола дар шаҳри Маскав барои ҳазорон муҳоҷирони тоҷик ҷашни "Наврӯз" баргузор мегардад. Аммо соли гузашта, бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус, бо қарори мири Маскав, Сергей Собянин таҷлили ин ҷашн лағв гардид.
Имсол, ки вазъи эпидемиологӣ дар Русия рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, интизор меравад бо риояи чораҳои бехатарӣ, Наврӯзи Аҷам ҷашн гирифта шавад.