Рӯзи 15 март дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1892 дар Англия клуби футболи "Ливерпул" таъсис дода шуд.
Соли 1938 кашфи нафт дар Арабистони Саудӣ.
Рӯзи 15 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1925 аввалин шумораи рӯзномаи "Иди тоҷик" (ҳоло "Ҷумҳурият") нашр шуд.
Соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни сафари дурӯзаи Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон 11 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.
Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба нақби мошингарди "Чормағзак" оғози расмӣ бахшид.
Соли 2012 дар Вазорати корҳои хориҷӣ Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ҷопон дар бораи амнияти озуқавии фермерҳои камбизоат бо василаи табодули ёддоштҳо имзо гардид.
Соли 2014 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии 3-юми давраи ниҳоии Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Хуҷанд» — «Панҷшер» ва «Энергетик» — «Истиқлол» баргузор гардид.
Соли 2016 дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшид.
Соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" ба имзо расид.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд.
Ҷашнҳои рӯзи 15 март
Рӯзи 15 март кӣ ба дунё омадааст
Аҳмад Абдуллоев (1936) – доктори илми филология, профессор.
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (1947-2006) - яке аз бунёдгузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.
Аскар Абдураҳмонов (1937) – санъатшинос, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Исо Абдурашидов (1947) –актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Мухтор Аҳроров (1924) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Бобоназар Шамсиддинзода (1967)- шоир.
Бимбулат Ватаев (1939 – 2001) –актёри кино, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Вершковский Олег (1939) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Зайнаб Ғуломова (1935) – Журналисти шоистаи Тоҷикистон.
Маҳкам Зубайдуллоев (1949) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Зикриё Исроилов (1949)- кинооператор.
Қодир Қодиров (1951) – доктори илми педагогӣ, профессор.
Урун Кӯҳзод (Ҷумъаев) (1937) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Ниёз Мирзоев (1949) – доктори илми таърих, профессор.
Талбак Назаров (1938) – доктори илми иқтисод, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.
Баён Облоқулов (1939) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Тоҷиддин Пиров (1965) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.
Шарофҷон Раҳимов (1951)- доктори илми кишоварзӣ.
Раҷаби Мусулмониён (1955)- шоир.
Фёдор Репа (1923-2000) – доктори илми педагогӣ, профессор.
Лутфулло Солиев (1941) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Султонов Юсуфхўҷа (1950) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.
Раҳимзода Мирзоабдукарим (1928)- шоир.
Рустамзода Мирзо (1959)- шоир.
Рустамов Аъзам (1897 – 1985) – табиб, шоир.Убайдуллои Ширин (1951) – шоир.
Абдулҳақ Файзиев (1938) – доктори илми геологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
Ҳабибулло Файзулло (1945 – 1979) – шоир.
Маҳмадшариф Ҳақдодов (1959) – доктори илми техникӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
Саидамир Ҷононов (1948)- доктори илми фалсафа, профессор.
Ҷумъахони Набот (1961)- публисист.
Малоҳат Шаҳобова (1928 – 2005) – доктори илми филологӣ, профессор.
Шариф Файзалӣ (1935-2005)- шоир.
Юнус Юсуфӣ (1955)- нависанда.