Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Низомиёни 50 давлат бо ваксини "Спутник V" эм гирифтанд

Атташеҳои низомии панҷоҳ кишвари ҷаҳон ва аъзои оилаи онҳо бо ваксинаи русии "Спутник V" эм карда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Бино ба гуфти роҳбари Сарраёсати ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия Александр Кшимовский, атташеҳои ҳарбии 50 кишвари ҷаҳон бо ваксинаи Русия алайҳи COVID-19 эм карда шуданд.
Хабаргузории РИА Новости аз қавли Кшимовский манависад, кишарҳ дод, ки аз ин ваксин тақрибан 300 атташеи низомӣ ва аъзои оилаи онҳо эмгузаронӣ шуданд.
Гуфта мешавад, низомиёни 50 давлат ба хотири бехатар анҷом додани маъракаҳои дохилӣ ва ҳамзамон музокироти байналмилалӣ ваксин гирифтанд.
Дар Русия озмоиши ваксини "Спутник V" барои беморони саратон оғоз ёфт
Қайд карда мешавад, ки дар артиши Русия эмгузаронии оммавӣ бо "Спутник V" айни замон ҷараён дорад. Аллакай зиёда аз 389 ҳазор хизматчиён эм карда шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки ваксинаи сохти Русия "Спутник V" алакай дар 50 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.
Дар кишварҳое, ки ваксини Русия тасдиқ шудааст, беш аз 1 миллиарду 300 миллион аҳолӣ ба сар мебарад.
Ҳоло дар рӯйхати муассиртарин ваксинҳо алайҳи коронавирус, AstraZeneca мақом аввал касб намуда, ваксини сохти Русия дар ҷойи баъдӣ қарор дорад. Дар мақоми сеюм ва чорум ваксинҳои Pfizer ва Moderna меистанд.
Ёдовармешавем, ки ваксини AstraZeneca дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва раванди эмгузаронии табибон, нафарони солманд ва ҳамчунин маризони қанду гепатит оғоз меёбад.