Эълони рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Қирғизистон

Тибқи маълумоти пешакӣ, оғози моҳи шарифи Рамазон ба миёнаи моҳи апрел рост меояд. Рӯҳониён рӯз эҳтимолии оғози моҳи шарифро гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Имсол моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои 13-14 апрел оғоз мешавад, аммо ин санаи пешакӣ аст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Идораи рӯҳонии мусалмонони Қирғизистон.
Туркманистон дар моҳи Рамазон дари масҷидҳоро ба рӯйи намозгузорон набаст
Муфтиёт қайд кард, ки вобаста ба баромади Моҳ рӯзи дақиқ наздиктар ба санаи оғоз эълон мешавад. Аз ин рӯ, рӯҳониён истисно намекунад, ки сана метавонад тағйир ёбад.
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон дар давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.
Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.
Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021
Тибқи қавонин, духтарон аз 9-солагӣ ва писарон аз 12-солагӣ метавонанд рӯза гиранд. Занони ҳомила ва ширдеҳ, инчунин беморон аз гирифтани рӯза соқит ҳастанд.