ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД-и Тоҷикистон номбурда дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуд.
Гуфта шудааст, ки марди 28-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда,11-уми марти соли 2021, тахминан соати 20:20-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиашон бо ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки мазкур муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати қафаси синааш мезанад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, - таъкид доштааст ВУД-и Тоҷикистон.
Зикр шудааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия тафтишоти ин ҳодисаро идома доранд.