Ҳафтаи оянда дар Душанбе хатсайри нави автобусҳо ифтитоҳ мешавад

Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки аз оғози ҳафтаи оянда дар пойтахт хатсайри нави ҳаракати автобусҳо роҳандозӣ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз  15 марти соли 2021 хатсайри нави автобусӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Роҳандозии пардохти роҳкиро тавасути смартфон дар Душанбе
Ба иттилои манбаъ, автобусҳо таҳти рақами 55 ба хатсайр баромада аз Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ то боғи “Роҳи Оҳанчиён” ҳаракат хоҳанд кард.
"Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Саъдӣ Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Неъмат Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд", - тавзеҳ додааст шаҳрдории Душанбе.
Мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи “АКИА ОРИЁ-LE 8” истифода баранд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки пардохти роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.