Тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо ИДМ манфӣ шуд

Тавозуни муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ дар соли 2020 манфӣ эълом шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik.  Дар соли 2020 Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИДМ 2 миллиарду  68 миллиондоллар маҳсӯл ворид кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасти сирояти коронавирус дар ИДМ аввал шуд
Ин дар ҳоле аст, ки содироти Тоҷикистон ба ИДМ дар ин муддат наздик ба 290 миллиондоллар эълом шудааст, ки як миллиарду 779 миллиондоллари он ба нафъи воридот будааст.
Дар муқоиса бо соли 2019 бештарин мизони коҳиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Русия ва Қазоқистон буда ва ба тартиб ба 892 ва 605 миллиондоллар расидааст.
Қабл аз густариши вируси корона мизони муомилоти тиҷории солонаи Тоҷикистон бо Русия беш аз як миллиард доллар буд.
Ҳамчунин дар соли 2019 тавозуни муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Узбекистон 20 миллиондоллар ба нафъи содирот буд, аммо дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона Узбекистон ба Тоҷикистон 168 миллиондоллар бештар маҳсӯлот содир кардааст.
Дар маҷмуъ 94 дарсади кулли муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020 бо се кишвар Русия 45,1 дарсад, Қазоқистони 36.6 дарсад ва Узбекстон 12,1 дарсад будааст.