ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Бар асоси қарор, Форуми II байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” рӯзи 22 март баргузор мешавад.
Таъкид шудааст, ки ин чорабинӣ дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021” баргузор мегардад.
“Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда 427 ҳазору 640 сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд”, - омадааст дар қарор.
Рустами Эмомалӣ расонаҳои давлатии пойтахтро муваззаф кардааст, ки рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
Шаҳрдори Душанбе ҳадафи ин иқдомро ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврўз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар арзёбӣ кардааст.
Ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ аз ҳадафҳои дигари ин қарор гуфта шудаанд.