Машқҳои нирӯҳои ҳавоии Русия дар пойгоҳи ҳавоии Энгельси вилояти Саратов сурат гирифт.
Барои ин машқҳо тамоми ҳайатҳои фармондеҳии ҷалб карда шуд.
Парвозҳоро мустақиман даҳ гурҳи халабонҳо ҳавопаймоии дурпарвоз анҷом доданд.
Халабонони ҳавопаймоҳои стратегии ТУ-160 дар ин машқҳо парвоз ва фуруд омадан, инчунин дар ҳаво пур кардани сӯзишвориро тамрин карданд.
Ҳамчунин халабонҳо парвозҳо дар баландиҳои пастро низ тамрин карданд.
Бояд қайд кард, ки чунин тамринҳо дар як сол чанд маротиба бо мақсади санҷидани омодагӣ ниррӯҳо ва баланд бардоштани сифати супоришҳои низомӣ гузаронида мешаванд.