ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Ҳукумат ҳаҷми иловапулӣ барои нафареро, ки дар баробари уҳдадориҳои худ инчунин уҳдадориҳои корманди дигарро муваққатан иҷро мекунад, муайян намудааст.
Бар асоси қарор, агар корманде баробари вазифаҳои худ уҳдадориҳои корманди дигари муваққатан ғоибро низ иҷро кунад, бояд дар ҳаҷми 30 дарсади маоши нафари ғоиб иловапулӣ гирад.
Таъкид шудааст, ки агар уҳдадориҳои корманди ғоиб ба дӯши ду нафар гузошта шавад, бояд дар ҳаҷми 15 дарсадии маош иловапулӣ гиранд.
Муқаррароти мазкур барои корхонаю идораҳое дахл дорад, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.
Чунин амал танҳо дар сурати баробар будани вазифаҳо ва ё поинтар будани мақоми нафари ғоиб иҷозат дода мешавад.
Таъкид шудааст, ки якҷосозии вазифаҳо дар сурати ғоиб будани як корманд чун чораи муваққатӣ иҷозат дода шуда, набояд тӯл кашад.